13:31 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Оператор с видеокамерой, архивное фото

Ширкати телевизион ва радиои “Айгак”-и Қазоқистон ба шаҳри Хуҷанд меоянд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
210 0 0

Гурӯҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои “Айгак”-и Қазоқистон аз аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намуда бо раиси шаҳр суҳбат хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 2 мая – Sputnik.  Як гурӯҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои “Айгак”-и Қазоқистон ба шаҳри Хуҷанд меоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳи наворбардорони телевизиони Қазоқистон санаҳои 6-8 майи соли равон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дидан хоҳанд кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки меҳмонони қазоқ аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд, бозори марказии “Панҷшанбе”, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааҳои “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Истиқлол”, “Роҳи танобӣ”, киштии рамзии “Темурмалик” ва ғайраҳо боздид намуда, бо вазъи зиндагии мардуми маҳаллаи “Шимкент”-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо менамоянд.

Инчунин, қарор аст зимни боздид гурӯҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои “Айгак”-и Қазоқистон бо Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ дидор ва муоқот намоянд.

Барчаспҳо:
Қазоқистон, ҳамкорӣ, мулоқот, таърихӣ, мавзеъҳо, боздид, телевизион, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ