Аз норасоии табибон то афзоиши сирояти ВНМО: нигаронии прокурорҳо дар Суғд

© Sputnik / Екатерина ЧесноковаВрачи в операционной, архивное фото
Врачи в операционной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар як ҷаласа масоили иҷрои қонунгузориҳо дар самти ҳифзи саломатии аҳолиро муҳокима намуда, дар бораи норасоии духтурони соҳа, фурӯши маводи дорувории пастсифат, парвандаи табибон ва афзоиши бемории ВНМО иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Прокуратураи вилояти Суғд, дар ҷаласаи рӯзи 2 -юми май, ки иҷрои қонунгузориҳо дар ҷодаи ҳифзи саломатии аҳолиро ба баррасӣ мегузошт, дар бораи норасии табибони соҳа, фурӯши маводи дорувори пастсифат, сироятшавӣ ба ВНМО ва аз парвандаи ҷиноии духтурон хабар дод.

Врачи военного госпиталя 201 РВБ - Sputnik Тоҷикистон
Зиёда аз 40 пизишк барои табобати нодуруст ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар вилоят феълан 1 ҳазору 61 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ мавҷуд буда, дар онҳо 5 ҳазору  143 нафар табибон ва беш аз 17 ҳазор кормандони миёнаи тиб фаъолият мебаранд. Аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Суғд табибон намерасанд, гуфтаанд дар прокуратураи Суғд.

"Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 938 нафар муттахассисони соҳаи тиб намерасанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро зиёда аз 1000 нафар ва коллеҷу муассисаҳои тиббиро зиёда аз 11 ҳазор нафар хатм мекунанд. Хуб мебуд, ки масъулин, ҷиҳати таъмини соҳаи тандурустӣ бо муттахассисони соҳа талош меварзиданд. Ин иқдом барои сарсон нашудани сокинон дар  шаҳру ноҳияҳо мусоидат карда, ба фоидаи кор мебуд", - таъкид намуд, Ҳабибулло Воҳидов, прокурори Суғд.

Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 79 парвандаи ҷиноӣ дар соҳаи тандурустӣ оғоз карда шудааст, ки 35 адади он марбут ба кормандони соҳаи тиб будааст.  Бино ба гуфти Ҳабибулло Воҳидов, оғоз шудани парвандаҳо нисбати табибон бар асоси шикояти сокинон сурат гирифтааст. 

“Мазмуну моҳияти шикоятҳо нисбати табибон аз он иборат аст, ки нодуруст муолиҷа намудан, ё ба бемор муносибати беэҳтиромона намудан, маблағ талаб кардан будааст. Ҳамаи ин аз ҳаракатҳои нодуруст ва аз вайронкунии қонунгузории соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳад”, - афзуд прокурори Суғд.

Директор Научного центра сердечно-сосудистой хирургии имени А.Н. Бакулева Лео Бокерия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бемориҳои ирсии худро донед: тавсияҳои пизишк бораи пешгирӣ аз бемории қалб

Амир Зайниддинзода, сардори шӯъбаи умумии прокуратураи Суғд дар кори ҷасала гуфт, ки дар паи санҷиш дар муассисаҳои тиббӣ ва фармасефтӣ муомилоти маводи дорувории пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта ошкор карда шудааст. Ӯ гуфт, ки 171 ҳазору 526 маводҳои доруворӣ ва 264 ҳазору 725 маводҳои ороишиву гигении мӯҳлати истифодаашон гузашта, ки 15 тоннаву 581 килограманд ба маблағи маблағи 4, 4 милион сомонӣ аз муомилот боз дошта ва нобуд карда шудааст.

Дар ҷаласаи прокуратураи вилояти Суғд ҳамчунин аз афзоиши сироятёбӣ ба бемории ВНМО ва ё СПИД маълумот ироа карда шуд. Бино ба иттилоъи масъулин давоми соли 2018 ва чор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 138 лаҳзаи аз тарафи шахси бемор дидаву дониста сироат кардани нафари дигар ошкор гардида, нисбати 33 нафар сирёткунандаи бемории ВНМО парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0