03:34 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото

Раиси шаҳри Хуҷанд ба бозор рафт ва нархи гӯштро 2 сомонӣ арзон кард

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
125201

Ӯ ба гушфурӯшон дастур додааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархи гӯштро то 2 сомонӣ поён кунанд. Дар панҷшанбебозор шаҳрдори Хуҷанд ба нархи биринҷ, нон, сабзавот ва дигар анвои бозорӣ шинос шуда, барои афзун намудани маҳсулот ва поён бурдани нархи онро аз масъулин тақозо намудааст

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздид аз Панҷшанбе 2 сомонӣ поён бурдани нархро аз гуштфурӯшон тақозо кард.

Бо дастури Муҳаммадзода ҳоло нархи гӯшт дар растаҳои гӯштфурӯшии тобеи "Тоҷикматлубот" аз 39 сомонӣ ба 37 сомонӣ фароварда шудааст. 

Шаҳрдори Хуҷанд дар як рӯзи кориаш, аз ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзии назди майдони театри Камоли Хуҷандӣ ва бозори марказии "Панҷшабе"- и Хуҷанд дидан кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода, ҳинни боздид, аз ҷараёни ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ба масъулин дастур додааст, ки ташкили ҳамчунин ярмака фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро то поёни моҳи шарифи Рамазон идома дода, дар фаровонии дастурхони мардум саҳмгузор бошанд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфтааст, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 20- 30 % арзон бошад.

"Таваҷҷуҳи бештар барои арзон намудани маҳсулоти ниёзи аввала карда шуд, то ин, ки дастурхони мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад", - афзуд, Маъмур Юсуфов сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд.

Дар ҷараёни ин боздид Маъруф Муҳаммадзода ба бозори марказии "Панҷшанбе" рафта ва аз растаҳои гӯштфурӯшӣ дидан кардааст.

Ӯ ба гӯшфурӯшон дастур додааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархи гӯштро то 2 сомонӣ поён кунанд. Дар панҷшанбебозор шаҳрдори Хуҷанд ба нархи биринҷ, нон, сабзавот ва дигар анвои бозорӣ шинос шуда, барои афзун намудани маҳсулот ва поён бурдани нархи онро аз масъулин тақозо намудааст.

Аммо ба гуфтаи сокинон сифати гӯшт дар ин растаҳо тобеи "Тоҷикматлубот" назар ба дигар дуконҳои гуштфурӯшии бозор касмифат ба назар мерасад. Нархи воқеии гӯшт дар растаҳои Панҷшанбебозор ҳоло 49-55 сомонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта ба ин тараф ва он ҳам дар остонаи моҳи шарифи Рамазон нархи гӯшт ва дигар маводи низи рузғор дар бозорҳои Хуҷанд то чанд дарсад гарон шуданд ва ин хабари гарониҳо ҳоло дар саҳфати шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд чарх мехуранд.

Мавзӯъҳои асосӣ