23:52 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Сайёҳон дар куҳҳои Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Афзоиши гардишгарон ва ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон

CC BY-SA 2.0 / letsgopens87 / IMG_4138
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
157 0 0

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, вуруди сайёҳон ба кишвар майли афзоиш дошта, дар се моҳи аввали соли равон ба 215 ҳазор нафар баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли 2018 шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар қиёс ба соли 2017 тақрибан як баробар афзоиш ёфта, феълан дар ҷумҳурӣ 145 ширкат ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Тибқи омори расмӣ, соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ зиёда аз як миллион шахсони хориҷӣ ҳамчун сайёҳ ташриф овардаанд, ки дар қиёс ба соли 2017-ум 607 ҳазор нафар ё 2,4 маротиба зиёд мебошад.

Даромади ширкатҳо дар соли 2018 ба 16,9 миллион сомонӣ баробар шудаст.

Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, мавсими сайру саёҳат дар кишвар аз моҳи май шурӯъ мешавад ва дар назар аст, ки теъдоди сайёҳон дар ҷумҳурӣ боз ҳам бештар гардад.

Ин дар ҳолест, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон солҳои 2019 -2021 дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ