08:50 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Табиати Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Пешгӯии обуҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси обуҳавошиносӣ.

Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-11 ва рӯзона 28-30 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ