07:56 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Маблағ дар даст, акс аз бойгонӣ

Иттиҳоми Ожонси зидди фасод алайҳи Талбаков: 1450 сомонӣ гирифту боз 1500 сомонӣ хост

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1085 0 0

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон Музавар Талбаков, масъули Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Бохтарро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Талбаков Музавар Сафаралиевич дар вазифаи сармутахассиси корхонаи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон кор корда, аз шаҳрванд “А” барои додани сертификати истифодаи замин пора хостааст.

“Талбаков бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, аз охирин барои додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин 1450 сомонӣ гирифтааст”, - иттилоъ дод Ожонс.

Манбаъ афзуд, номбурда бо ин қаноатманд нагардида, 18 марти соли 2019 аз шаҳрванд “А” овардани боз 1500 сомонии дигарро талаб намудааст.

Ин ниҳод таъкид кард, ки Талбаков баъди гирифтани 1500 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир гардида, маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Ба иттилои Ожонс, феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи  Талбаков бо иттиҳоми қаллобӣ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон идома дорад.

Назари худи Талбаков ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Мавзӯъҳои асосӣ