13:20 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Таджикские медики провели полную мед обследование возвращённых детей из Ирака

Вазорати тандурустӣ: кудаконе, ки аз Ироқ баргардонида шуданд аз муоинаи тиббӣ гузаштанд

© Министерство здравоохранения Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
148 0 0

Дар Тоҷикистон 84 нафар кудаконе, ки аз Ироқ ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд, ахиран аз тарафи мутахассисони вазорати тандурустии кишвар ба пурррагӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik.  Cанаи 1 майи соли равон дар макони муваққатии кӯдакон “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  “Харангон” муоинаи тиббии 84 нафар кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон овардашуда баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Манбаъ қайд намудааст, ки табибони кӯдак, ҷарроҳ, асабшинос, равоншинос, сироятшинос, чашм, силшинос, пӯсту зӯҳравӣ, гушу гулу ва бинӣ кӯдакони аз Ироқ овардаро аз муоинаи тиббӣ гузаронидадар бораи саломатии онҳо ба пуррагӣ маълумот гирифтанд. 

“Ғайр аз ин, тамоми кӯдакон аз ташхиси флюорография, ташхиси сирояти вируси норасоии масунияти одам, ташхиси хун барои маркерҳои вируси гепатити В ва С, ташхиси пешоб барои муайян намудани маводҳои психотропикӣ гузаронида шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, манбаъ қайд намудааст, ки аз тарафи Озмоишгоҳи референсӣ  ба ин кӯдакон ташхисҳои хун, пешоб ва фазла гузаронида мешавад.

Дар  назар аст, ки пас аз ба итмом расонидани муоинаи тиббӣ тамоми кӯдакон бо иммунизатсия фаро гирифта мешаванд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои аз муоина ва  ташхис  гузаронидани кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Ватан оварда шуда, тамоми шароит ва имконотро муҳайё кардааст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос кардааст.

Барчаспҳо:
баргардонидан, Сурия, Ироқ, кӯдакон, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ