Ба ҷавонони тоҷик роҳҳои расидан ба муваффақияти касбиро нишон доданд

© © Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека в Душанбе, архивное фото
Национальная библиотека в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли дуввум аст, ки ҳамоиш бо доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар доир карда шуда, мутахассисон оид ба соҳаҳои фаъолияти худ аз дохил ва хориҷи кишвар ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид медиҳад.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумита ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар кишвар таҷлил карда  мешавад, Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ таҳти унвони “Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ” баргузор шуд.

Ба иттилои равобити умумии Кумита ин ҳамоиш дар бинои  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Аҳмадзода ба зердастонаш барои таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд

Дар кори форум раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, роҳбари намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибха Меҳта ва роҳбарони вазорату идораҳои кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши мазкур соли дуввум аст, ки бо доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар доир карда шуда, мутахассисони самтҳои гуногун оид ба соҳаҳои фаъолияти худ аз дохил ва хориҷи кишвар ба иштирокчиёни форум маслиҳатҳои муфид медиҳад.

Ҳамзамон, дар доираи кори форум намоиши дастовардҳои ҷавонон, ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ, мастеркласҳо, намоиши дастовардҳои самти бонкии кишвар, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ  ва дастовардҳои илмии ҷавонон ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон аз он дидан намуданд.

Дар доираи форум бо иштироки мутахассисони баландихтиссоси дохилию хориҷӣ мастерклассҳо, бизнесинкубатор ва семинар машваратҳо доир гардида, идомаи форум дар ду сексия  дар самти иқтисодии ҷавонон ва таҳсилоти муносиб барои ҷавонон идома ёфт.

Лентаи хабарҳо
0