12:36 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего

Аз ваъдаи таъмини кор то кумакпуливу стипендия: мулоқоти раиси ноҳияи Мастчоҳ бо ҷавонон

© Российско-Таджикский (славянский) университет
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни мулоқот бо ҷавонони ноҳия эълон намудааст, ки 85 дарсади кормандони дастгоҳи раиси ноҳияро ҷавонони то 35 сола ташкил медодааст

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik.   Ахиран Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ бо ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.

Мулоқоти раис бо донишҷӯёни ноҳия дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шудаас. Зимни мулоқот раиси ноҳия таъкид намудааст, ки барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани ҷавонони ноҳия тадбирҳои зарурӣ меандешад.

“Имрӯзҳо дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе беш аз 800 нафар ва дар муассисаҳои касбиву олии маркази вилояти Суғд қариб 2000 нафар ҷавонони ноҳия таҳсили илм мекунанд, - таъкид кардааст раиси ноҳия.

Ғайрат Азиззода қайд намудааст, ки беш аз 40 дарсади кормандони соҳаи маорифи ноҳияро ҷавонон ташкил медиҳанд. 

“Дар соҳаи идоракунии давлатии ноҳия низ раванди ҷавонгардонии кадрҳо давом дорад ва айни ҳол 85 дарсади кормандони дастгоҳи раиси ноҳияро ҷавонони то 35 сола ташкил мекунанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки роҳбарияти ноҳия ҳамеша ба ҷавонон, ақлу заковат ва неруи онҳо такя мекунад”, - гуфт вай.

Дар фарҷоми мулоқот раиси ноҳия барои донишҷӯёни камбизоату ятим кӯмакпулии яквақта ва барои донишҷуёни фаъол стипендияҳои раиси ноҳия супорид.

Барчаспҳо:
ваъда, кор, мулоқот бо донишҷӯён, Мастчоҳ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ