Имтиҳони сабр ва покизагии зоҳирию ботинӣ: Шӯрои уламо дар бораи моҳи Рамазон

© акс аз сомонаи сафорати Тоҷикистон дар РусияСаидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирон дар Маскав
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Тоҷикистон ба муносибати оғози моҳи шарифи Рамазон мардуми кишварро муборакбод гуфта дар бораи фазилатҳои ин моҳ гуфтааст

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Яке аз ҳикматҳои бузурги дини мубини Ислом тавассути моҳи мубораки Рамазон имтиҳони сабр ва покиза доштани зоҳиру ботини мусалмонон аст, мегӯяд Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Ботинро чӣ рӯшан мекунад?

Маҳз ба воситаи ранҷу машаққат кашидан аз худдории обу ғизо, ки имтиҳони ҷисми инсон аст, ботин рўшан гашта, тафаккури ҳаққу ботил, некиву аъмоли муқобили он, дурустиву нодурустӣ ва ростиву дурўғ, хулоса, ҳама рафторҳо ва гуфторҳои одамӣ ба тарозуи ақл баркашида мешаванд, навъе аз софкориҳо дар зеҳни инсон ба вуҷуд меояд.

Бузургтарин фазилати моҳи шарифи Рамазон

Молитва во время хаджа - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз намози таровеҳ бо автобуси ройгон хона равед: Нурсултон

Бузургтарин фазилати ин моҳ ҳамин аст, ки китоби муқаддаси Қуръон дар ин моҳи муборак нозил шудааст, ки сарчашмаи динӣ ва ахлоқию маънавии ҳар фарди мусалмон ба шумор меравад. Худованд дар каломи шарифи хеш (ояти 185-уми сураи «Бақара») мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фурў фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.  Ва ҳар ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рўзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Эълони оғози Рамазон, пули нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистон

Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо дар ҳама сарчашмаҳои динӣ ва фарҳангӣ  таъкид шудааст ва ҳама арзишҳову ҳикматҳои он, ки барои ҷаҳониён сабақомўз ва намунаи ибратанд, ба ҷузъе аз фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Фарқ гузоштан байни ҳақиқат ва хурофоту кирдорҳои ботил яке аз ҳамин гуна арзишҳои ин моҳи мукаррам аст.

Инсон наметавонад, ки бидуни ранҷу гирифторӣ ва машаққату худсозӣ ба ҳадафҳои баланди хеш бирасад, ончунон ки боғбоне бидуни парвариш ва заҳмати сарсабз намудани ниҳолҳо наметавонад ҳосили фаровоне ба даст биёрад.

Даҳ арзиши ҳатмӣ барои рӯзадорон

Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кадом амалҳо рӯзаро мешикананд ва кадом амалҳо рӯзаро намешикананд?

Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кумак кардан ба бародарони худ аз рўи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи наку ва неру бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рўзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

Як вижагии зебои Рамазон ҳамин аст, ки сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой мегирад, тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо мегардад, агар инсон дорои иродаи устувор бошад. Маҳз иродатмандӣ асоси ҳаёти беолоиши ҳар мусалмон дар Рамазон хоҳад буд. Дигар хусусияти Рамазон аст, ки инсонҳо андешаву ахлоқи худро зери партави каломи Илоҳӣ мунаввар месозанд.

Пайғамбар (с) дар бораи моҳи Рамазон

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Тамоми аъмоле, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ то ҳафтсад баробар ба онҳо подош дода мешавад, магар рўза, ки Парвардигор мефармояд: «Рўза барои ман аст ва ман подошашро хоҳам дод. Инсони рўзадор ба хотири ман хўрдану нўшидан ва ҳавои нафсашро тарк кардааст». Рўзадор ба ду хушҳолӣ даст меёбад: аввалин хушҳолӣ ба ҳангоми ифтор ва дуввумин хушҳолӣ ҳангоми мулоқоти Парвардигор». 

Полумесяц, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чиро бояд ҳар мусалмон дар бораи моҳи мубораки Рамазон донад

Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрўю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.

Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.

Инсонпарварӣ ва инсондўстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳусни тафоҳум аз хусусиятҳои дигари моҳи Рамазон аст. Маҳз дар ҳамин моҳ ҷомеаи адолатпарвари башарӣ бо ҳама арконаш зуҳур меёбад. Аз ин рў, инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дўстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарўзаи зиндагии худ созанд.

Лентаи хабарҳо
0