03:02 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Девушки на улице в Душанбе, архивное фото

Камабру бебориш: обу ҳавои гарм дар моҳи шарифи Рамазон

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар баъзе ноҳияҳо то 30-35 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  ҳаво дар  пойтахти тоҷикистон бебориш шуда, шабона 9-11 ва рӯзона 29-31  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 27-32  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва  рӯзона 19-24  дараҷа гарм мешавад.

Манбаъ қайд намудааст, ки имрӯз дар ВМКБ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2-7 ва  рӯзона 17-22  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона  6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона  16-21  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13  ва   рӯзона 22-27 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
моҳи Рамазон, Рамазон, гармӣ, пойтахт, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ