07:57 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото

Чаро шими ҷинс пӯшидӣ?: омӯзгор Суннатуллоро латту кӯб ва либосҳояшро пора кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
401 0 0

Омӯзгори фанни физикаи мактаби рақами сеи ноҳияи Кӯшниён як хонандаи синфи 10-ро барои пӯшидани шими ҷинс аз дарс берун ва бераҳмона латту кӯб кардааст. Муаллим барои ин амалаш 5500 сомонӣ ҷарима шудаасту халос

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки як омӯзгор дар ноҳияи Кӯшониён барои латту кӯби бераҳмонаи хонанда ва пора кардани либосҳои вай барои пӯшидани шими ҷинс 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, омӯзгори фанни физикаи мактаби рақами 3-и ноҳияи Кӯшониён Самариддин Тешаев як хонандаи синфи 10-и мактаби мазкур Сунатулло Саидовро барои пӯшидани шими ҷинс дар мактаб задаву либосҳояшро пора кардааст.

"Омӯзгори физика Сунатуллоро, ки дар дарси забони англисӣ будааст,  бо истифодаи зӯроварӣ аз дарс берун карда, бераҳмона латту кӯб карда, либосҳояшро даррондааст. Дар натиҷа писар ҷароҳати ҷисомонӣ бардоштааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Додситонии ноҳияи Кӯшониён дар пайи ин ҳодиса нисбати омӯзгор бо моддаи 174 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба додгоҳ ирсол кардааст. Додгоҳ Тешаевро бо ҳамин модда гунаҳкор дониста, ба ӯ 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима таъин кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ