Обуҳавошиносон: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат аз 28 то 36 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар  шаҳри Душанбе  бебориш  буда,  шабона 10-12 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

 Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона 28-33  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва  рўзона 21-26  дараҷа гарм мешавад.

Семья на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То 30 дараҷа гармӣ ва борони кӯтоҳмуддат: пешбинии обуҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар ВМКБ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 4-9 ва  рӯзона 19-24  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона  7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои  бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8 ва  рӯзона  17-22  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14  ва   рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад.

.

Лентаи хабарҳо
0