Мақомоти Суғд ба занони ҳунарманд грант медиҳад

Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд миёни занҳои ҳунарманд барои дарёти грантҳои раиси вилоят озмун эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дарёфти гранти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар соли 2019 озмун эълон намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят доир ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2019 гузаронида мешавад.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар бонувон 420 000 сомонӣ грант тақдим кард

Манбаъ қайд намудааст, ки грантҳои Раиси вилоят ба сокинони вилояти Суғд - занҳои ҳунарманд дода мешавад.

“Бофандагону дӯзандагон, армуғонсозону кулолгарон, чӯбкору ресандагон, читгару рассомон метавонанд лоиҳаҳои худро барои дарёфти гранти Раиси вилоят пешниҳод намоянд”, - зикр намудааст мақомоти вилоят.

Грантҳо ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:

- 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

- 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;

- 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.

Мақомоти Суғд таъкид намудааст, ки муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо то санаи 10 июни солиравон идома хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0