08:38 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Арест, архивное фото

Аввал пул, баъд талоқ: дар Суғд корманди додгоҳ дастгир шуд

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
338 0 0

Нисбати ӯ як сокини вилоят шикоят бурдааст, ки барои бекор кардани ақди никоҳи ӯву ҳамсараш пул талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд корманди додгоҳ ба иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд, хабар медиҳад Ожонси мубориза бо фасод.

Бино бар иттилои манаъ, як сокини влоят ба Раёсати Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намудаст.

Ӯ дар аризааш дархост кардааст, ки нисбати котиби суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Исроилзода Фурқат чораи қонунӣ андешида шавад.

"Исроилзода бо воситаи пристави суди ноҳияи Деваштич Ҳамзаев Муродҷон Қурбонмуротович барои бекор кардани ақди никоҳам 3000 сомонӣ талаб карда истодааст", - навиштааст вай дар ариза.

Ожонс мегӯяд, худи ҳамон рӯз нисбати Ҳамзаев М.Қ. ва Исроилзода Ф. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "б", "в" ва "г"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳамзаев М.Қ. баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳамзаев М.Қ. ва Исроилзода Ф. ба итмом расонида шуда, он барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ