Мақомоти Хатлон ба куҳансарбозон 129000 сомонӣ дод

© © Sputnik / Амир ИсаевНаграды ветерана ВОВ, архивное фото
Награды ветерана ВОВ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон барои кущансарбозон  129000 сомонӣ ҷудо кард, ки аз тарафи намояндагони щукумати ин вилоят ба ҳар кадом собиқадорони ҷанг  1500 сомонӣ  дастрас карда шуд.

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ бо қарори раиси вилояти Хатлон  ба 86 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии   вилоят кумаки яквақтаинаи молиявӣ тақдим гардид, хабар медиҳад равобити умумии мақомоти вилояти Хатлон.

"Дар асоси ин қарор  129000 сомонӣ ҷудо гардид, ки аз тарафи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳар кадом собиқадорони ҷанг  1500 сомонӣ  дастрас карда шуд",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз   кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар ҳамкорӣ бо хонандагон ва омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 вохӯрии хонандагонро бо ҷанговарони башардӯст таҳти унвони «Ёде аз гузашта» баргузор намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ иштирокдорон аз хотироти хеш ёдовар гашта, барои баргузории чунин ҳамоиши гарм изҳори миннатдорӣ намудаанд.

Саодат Абдуллоева, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» меҳмонон, омӯзгорон ва хонандагонро бо санаи муҳими таърихӣ- Рӯзи Ғалаба табрик гуфт. Дар фарҷом меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0