13:57 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Делегация Казахстана приехала в Согдийской области

Гурӯҳи меҳмонон аз Қазоқистон ҷашни Рӯзи Ғалабаро дар вилояти Суғд таҷлил карданд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Имсол дар рӯзҳои ҷашни 74-умин солгрди Рӯзи Ғалаба ҳайати калони эҷодии Ширкати телевизион ва радиои “Айгак” ва фаъолони шаҳри Шимкент ва вилояти Туркистони Қазоқистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ҳайати эҷодии Ширкати телевизион ва радиои “Айгак” ва гурӯҳи фаъолони шаҳри Шимкент ва вилояти Туркистони Қазоқистон ба вилояти Суғд омаданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳи меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд пешвоз гирифтанд.

“Ҳайати меҳмонон рӯзи 6 май вориди маркази вилоят гардида, азҚасри маданияти Арбоб, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол", бозори "Панҷшанбе", Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд» боздид намуда, бо вазъи зиндагии сокинони маҳаллаи "Шимкент"-и шаҳри Хуҷанд шинос гардиданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин ҳайати меҳмонон дар барномаҳои идона бахшида ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, сурат гирифт, иштирок намуданд.

Мақомоти вилояти Суғд иттилоъ додаааст, ки тибқи нақша меҳмонон ба шаҳри Истаравшан низ сафар карда, аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ боздид хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
ба ифтихори рӯзи Ғалаба, ҷашни рӯзи Ғалаба, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ