17:17 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
КЧС Таджикистана объявил конкурс о лучшем рисунке про ЧС среди детей

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда миёни кӯдакон беҳтарин наққош меҷӯяд

© КЧС Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон миёни кӯдакони то 17 сола озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдаконаи “Олам дар чашми атфол, бе ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳо” эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии  “Ҳамсоягии дӯстона” (Добрососедство),  ТВ “Бахористон” озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдаконаи “Олам дар чашми атфол, бе ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳо” баргузор хоҳад кард.

Беназир Ализода
© Фото : из личного архива Исфандиёра Назарова

Бино бар иттилои манбаъ, ба озмун расмҳо дар мавзӯъҳои гуногунрангии ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии онҳо, нақзи қоидаҳои бехатарӣ ва оқибатҳои он ва наҷоти одамон аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ қабул карда мешаванд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид намудаанд, ки дар озмун метавонанд кӯдакони  аз 5 то 17 – сола ширкат намоянд. Офаридаҳои наққошии бачаҳо то 20 майи соли равон қабул карда мешаванд.

“Расмҳо бо истифода аз ҳар воситаи тасвирӣ метавонанд кашида шуда бошанд: бо рангҳо, қалам, фломастер ё бурҳои ранга. Ин ҷо муҳим тахайюли эҷодист”, - қайд намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Кумта эълон намудааст, ки ғолибони озмун соҳиби ҷоизаҳои хотиравӣ хоҳанд шуд ва беҳтарин офаридаҳо аз тариқи ТВ “Баҳористон” намоиш дода мешаванд. 

Барчаспҳо:
наққошии Тоҷикистон, наққошӣ, кӯдакон, кӯдакона, озмун, эълон, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ