14:07 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Парад победы в Душанбе

Раҳмон гуфт хисороти ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бештар буд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
232 0 0

Халқи тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бештар мерасад,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими таҷлил аз 74-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ, гуфт, ки мардуми Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд ва оқибатҳои вазнини он, яъне амалҳои харобиовари нерӯҳои экстремистиву террористиро бо чашмони худ дидаанд, он солҳои фоҷиаборро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90 – уми асри гузашта ёдрас шуда гуфт:

"Кишвари мо бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбон шудани  даҳҳо ҳазор нафар одамон гардида,  хисороти моддии он нисбат ба зарари солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон маблағи чандин баробар зиёдро ташкил кард".

Раисиҷумҳур бовар дорад, ки ба ҳамин хотир, халқи тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бештар мерасад ва онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳои зиндагӣ азиз мешуморад ва барои ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани оромии Ватан саъю талош мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон шарти муҳимтарини таъмини рӯзгори осударо гуфт

"Мо бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар истифода намоем",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Аҳрулло Саидов 5000 сомонӣ фиристод

Ёдрас мешавем, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор нафар дигар ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 244 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

Мавзӯъҳои асосӣ