09:38 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Гвоздики, архивное фото

Дар Петербург ёди сарбозони тоҷикистонии набарди Ленинградро гиромӣ доштанд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Тоҷикони Санкт-Петербурги Русия ёди сарбозони тоҷикистонии набарди Ленинградро гиромӣ доштанд

ДУШАНБЕ, 9 мая – Sputnik. Тоҷикон дар Петербург назди лавҳаи ёди сарбозони тоҷикистонии набарди Ленинград гул гузоштанд. Дар маросими мазкур Назар Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург ширкат кард.

“Имрӯз рӯзи ёдбуди қаҳрамонони Тоҷикистон аст, ки дар набарди шаҳри қаҳрамони Ленинград ҷони худро аз даст доданд. Ёди абадӣ ба қаҳрамонон”, гуфтааст Мирзода.

Лавҳаи ёди сарбозони тоҷикистонии набарди Ленинградро соли 2014 дар қабристони Пискаревскои шаҳри Санкт-Петербург ифтитоҳ ёфт.  

Муҳосира ва ҳимоя Ленинград яке аз лаҳзаҳои даҳшати Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳимояи Ленинград ҳазорҳо тоҷикистониён иштирок намдунд. Тоҷикистониён дар озодкунии атрофи Ленинград минтақаҳои Пушкин, тихвина, Гатчина, Петергофа, Шлиссельбург, Выборг, ва Кингисеппа фаъолона ширкат намуданд ва садҳо нафари он дигар ба Ватан барнагаштанд.

Ёдрас мешавем, ки аз 300 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор нафараш дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудаанд, ки аз ин миён 54 кас бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, сарфароз гардиданд.

Барчаспҳо:
Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон, ёдбуд, Санкт-Петербург, муҳоҷирон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ