08:40 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Жители идут по снежной каше, снег убирают плохо

Шабона барф, рӯзона борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2247 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ба иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 20-25  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад.  Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17  ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8 ва  рӯзона  17-22  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14  ва   рӯзона 22-27 дараҷа гарм  мешавад.

Чатр кӯмак накард: роҳпаймоёни "Ҳанги ҷовидон"-и Маскав ҳама тар шуданд-видео

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 28-33  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 21-26  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ