"Крыша мира" мегуфтем баъд мешинохтанд: нақли куҳансарбоз аз Дарвоз-видео

© © Sputnik / Амир ИсаевНаграды ветерана ВОВ, архивное фото
Награды ветерана ВОВ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Солеҳов Додихудо куҳансарбози ҶВБ мегӯяд, дар солҳои ҷанг Тоҷикистонро касе намешинохт, вале бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон кишвар машҳур шуд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Намояндагони мақомоти ВМКБ ба дидорбинӣ ва аёдати собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Солеҳов Додихудо, ки дар ноҳияи Дарвоз ба сар мебарад, рафтанд. Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад.

Бобои Додихудо дар суҳбаташ аз фаъолияти раҳбарияти кунунии кишвар ситоиш карда, мегӯяд даврони пеш Тоҷикистонро, чуноне имрӯз машҳури ҷаҳон аст, касе намешинохт.

"Мо аз президенти муҳтарам, беҳад миннатдорем. Тоҷикистонро ягон давлати дунё намешинохт. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мегуфтанд аз коӣ, мегуфтем Таджикистан, мегуфтанд, не знаем, боз мегуфтам аз Ғарм, мегуфтанд не знаем, оқибат омада мегуфтем аз вилояти Бадахшон, ааа "Крыша мира", знаем. Имрӯз таҳти роҳбарии президент, Тоҷикистони мо гул гул шукуфта, нашъунамо кардааст. Чунон ободӣ",-гуфт Солеҳов Додихудо ва барои дарозумрии президент дуо кард.

Ӯ дар идомаи суҳбат ба ҳар як тоҷикдухтару тоҷикписар умри дароз " аз сад ҳам бигзаранду дусад ҳаму умри дароз бинад",-гуён орзуҳои нек кард.

Ба собиқадори ҶБВ Солеҳов Додихудо аз номи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов кумакпӯлӣ тақдим шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Аҳрулло Саидов 5000 сомонӣ фиристод

Ёдрас мешавем, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор нафар дигар ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 244 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0