08:58 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Мулоқоти Раҳимзода бо Сун Тзсаню: пешбинии кадрҳои баландихтисос ва кумакҳои техникӣ

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Тарафҳо мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кумаки техникию коммуникатсиониро баррасӣ намуданд

 ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Имрӯз, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСу Сун Тзсаню вохӯрӣ доир намуд, иттилоъ додааст агентии "Ховар". 

Манбаъ афзудааст, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Ҷамшед Машрабзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Мансур Бухоризода ва дигарон ширкат  намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСуи Чин дар доираи Созишномаи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ байни ду мақомоти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷиҳати таҳким бахшидани робитаи дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кумаки техникию коммуникатсионӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Рамазон Раҳимзода, ВУД

Мавзӯъҳои асосӣ