08:08 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
День Душанбе

Доир гардидани Фестивали сурудҳои ватандӯстона дар Душанбе

Amir Isaev
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Фестивали мазкур бо  ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе доир карда шуд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дирӯз, бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи “Шараф”-и қисми ҳарбии 0123 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки Фестивали мазкур бо  ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Дар оғози фестивал сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иштирокчиёнро аз номи роҳбарият Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шодбош гуфтааст.

Ҳамчунин сарояндагони ансамблҳои мақомоти ҳарбӣ ва наврасону ҷавонони соҳибистеъдод  доир ба меҳри Ватан, хизмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат, Истиқлолияту ваҳдат ва ҷавонӣ сурудҳо сароиданд.

Бояд гуфт, ки дар Фестивали сурудҳои ватандӯстона дар қатори сарбозону афсарон наврасону ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуда, бо фаъолияти  кунунии хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва вазъи будубоши сарбозон аз наздик шинос шуданд.

Дар фарҷом ба сарояндагони беҳтарин сурудҳои ватандӯстона сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот супорида шуд.

Барчаспҳо:
суруд, муҳофизат, фестивал, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ