09:52 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон “дача” дорад? посухи Президент-видео

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6078 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки тайи 28 соли охир кишварро роҳбарӣ мекунад, изҳор дошт, ки “дача” надорад

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, гумрук, андоз ва бонкҳо аз мақомдори гумруке зикр кард, ки тайи ду сол дар Душанбе 20 хона харидааст.

“Роҳбари давлат дача надорад”, - изҳор дошт Раҳмон дар дақиқаи 59-уми мулоқот бо кормандони мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо, ки навори онро шабакаи телевизиони Тоҷикистон нашр кардааст.

Зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон "дача"-и шахсиро дар назар дошт, чун қароргоҳҳои давлатии раисиҷумҳур дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар ҷой доранд. 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз қароргоҳу мошинҳои гаронарзиш ва 3-4 зании бархе аз мақомдорон суҳбат карда, суол гузошт, ки ин ҳама аз ҳисоби кист.

Ӯ дар идома шеваи пулкоркунии мақомоти гумрукро зикр кард, ки ба гуфтаи ӯ масирҳоро тақсим кардаанд. Раҳмон дар хитоб ба Хуршед Каримзода, ки аз моҳи январи соли 2018 Хадамоти гумрукро роҳбарӣ мекунад, изҳор дошт, ки маршрутҳо дар кишвар тақсим шудаанд.

“Каримзода, маршрутҳоро тақсим кардаанд, терминалҳоро тақсим кардаанд. Шиштагиянд аз барат. Аз муовинҳоят сар карда, то сардорони раёсатҳо аз ҳамин ҷо роҳбарӣ мекунанд. Ҳисобу китоб, тақсимот мекунанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар ҳоле ки барои роҳбарии шаҳру навоҳӣ кадр намеёбад, барои кор дар мақомоти гумруку андоз навбат меистанд ва таъкид намуд, ки миёни мақомдорони ин сохтор ягон бекасу бечора нест.

Мавзӯъҳои асосӣ