Эълони санаи санҷиши сартосарӣ ва ишораи Раҳмон ба сирри оилаҳои мансабдорони серпул

© Sputnik / Сергей СубботинКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон ба санҷиши донишу дороии мансабдорони андоз, гумрук ва молия моҳи июн оғоз хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik.  Тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар бо таъсиси комиссияи босалоҳият аз моҳи июни соли 2019 сар карда, тамоми мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрукро аз аттестатсия мегузаронад.

Монитор багажного сканера (интроскоп) в зоне таможенного контроля  - Sputnik Тоҷикистон
Хокпошиҳо тариқи телевизион: дуздии 100 сомониро намоиш медиҳанду миллионҳоро не

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо мақомдорони гумрук, андоз, молия ва бонкҳо,  Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишварро муваззаф намуд, ки дар ин ниҳодҳо санҷиши сартосарӣ амалӣ карда шавад.

“Тамоми ҳамин сохторҳоро аз элак бехтан даркор аст. Комиссияи давлатӣ барои аттестатсия таъсис дода шавад. Декларатсия, даромадашро хонаю дарашро муайян кунад. Хусуру хушдоманашро аз он ҷумла ва фарзандонаш қатӣ, чӣ моликият ва дар куҷо доранд”, - дастур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Дар зимн раисиҷумҳури Тоҷикистон асрори оилаҳои мансабдорони серпулу моли кишварро ироа намуд. Ба гуфтаи Раҳмон, бештари кормандони Агентии мубориза бо коррупсия, гумрук, андоз бениҳоят моликияти зиёд доранду шеваи пинҳонкунии онро низ нишон дод.

“Се чор оила доранд, бо оилаҳо маслиҳат мекунанд, расман ҷудо мешаванд. Моликият як қисмашро ба номи оила мекунанд, ҷудо мешаванд, боз оилаи дуюм. Ҳамин хел 4-5 оила. Мо дастгир кардем, як гуруҳро”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ба Ҳукумат супориш дод, ки низоми эъломиякунонии дороиҳои мақомдорони давлатиро дар кишвар такмил диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0