04:19 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Ахмадзода провел встречу с главой представительства РТ в Латвии

Латвия дар Суғд корхонаҳои металлургиву консервабарорӣ бунёд хоҳад кард

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
354 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо роҳбари Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Латвия Муҳаммадаваз Саидов мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст, зимни мулоқот тарафҳо перомуни ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва ташкили корхонаҳои муштарак бо саҳмгузории инвесторони аврупоӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот иброз доштааст, ки то соли 2021 дар вилоят беш аз 300 корхонаи саноатӣ бунёд карда мешавад.

“Дар ин раванд ташкили корхонаҳои муштарак низ ба манфиати кор буда, бо ин роҳ метавон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёбад”, - гуфт раиси вилояти Суғд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Латвия барои бунёди корхонаҳои металлургӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли консерваи моҳӣ, батареяҳои офтобӣ, бунёди корхонаи истеҳсоли ранг бо ҷалби сармоягузорони аврупоӣ лоиҳаҳоро пешниҳод карданд.

Зимни мулоқот роҳбари намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Латвия Муҳаммадаваз Саидов эълон кард, ки дар марҳилаи аввал корхонаи коркарди маъдан, аз ҷумла барит бо наздик 100 ҷойи корӣ сохта шавад.

Раиси вилоят татбиқи чунин лоиҳаҳо ва бунёди корхонаҳоро ба манфиати кор арзёбӣ карда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода аст ҳамкориҳоро бо сармоягузорон тақвият бахшад.

Барчаспҳо:
мулоқот, сармоягузорӣ, Латвия, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ