10:34 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Президент РФ В.Путин принимает участие в церемонии открытия реконструированной Московской соборной мечети

Путин ва Аббос дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
275210

Маҳмуд Аббос, роҳбари Фаластин ба пойтахти Тоҷикистон омада бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Давлати Фаластин тасмим дорад дар моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо Владимир Путин, роҳбари Русия дидору гуфтугӯ кунад.

Риёд ал-Маликӣ, вазири корҳои хориҷии Фаластин эълон намудааст, ки  мулоқоти мазкур рӯзи 15 июн дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҳамоиши “Машварат оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё” баргузор мешавад.

“Дар ҳошияи ин ҷаласа Владимир Путин ва Маҳмуд Аббос мулоқот хоҳанд кард. Ҳоло мо барои ташкили ин мулоқот талош дорем”-гуфтааст ал-Маликӣ.

Аммо Кохи Кремлин то ҳол дар бораи мулоқоти Путин ва Аббос дар шаҳри Душанбе хабари расмие пахш накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Риёд ал-Маликӣ, вазири корҳои хориҷии Фаластин гуфтааст, ки ду ҳафта қабл дар ҷараёни дидораш бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия вазъияти амниятӣ ва раванди музокирот миёни Фаластину Исроил ва имкони мулоқоти Путин ва Аббосро баррасӣ кардааст.

Барчаспҳо:
Душанбе, музокирот, фаластин, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ