06:44 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Конверт

Номаи Вазорати рушди иқтисод ба вазири фарҳанг

© Flickr/ Delwin Steven Campbell
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
514 0 0

Ба унвони вазири фарҳанги Тоҷикистон аз номи Вазорати рушди иқтисод номаи сипос омадааст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз директории Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи сипос омад.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ба гузориши манбаъ, дар матни нома гуфта мешавад, ки бо ташаббуси китобхонаи мазкур 2-3 майи соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон VII Конфронси ҷумҳуриявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» дар мавзӯи «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣдар фаъолияти кории китобхонаҳои Тоҷикистон»дар сатҳи баланд ташкил гардид.

"Роҳбарияти Китобхонаи давлатии патентию техникӣ барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Шумо, вазири муҳтарам ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани мақоми китобу китобдорӣ дар ҷумҳурӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор гардидани конфронси зикргардида изҳори сипос менамояд»- омадааст дар матни нома.

Пештар Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар номае аз вазири фарҳанг барои ҳамкориҳои пайваста дар роҳи татбиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” изҳори сипос карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ