13:29 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
НФС Умед 88, акс аз бойгонӣ

Аз 160 ҳазор то 15,6 миллион сомонӣ: талоши дигари фурӯши амволи “Умед 88”

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1058 0 0

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон аз музоядаи ҷадид барои фурӯши амволи ширкати “Умед 88” хабар дод

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Судиҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд амволи ширкати “Умед 88”-ро дар шимоли Тоҷикистон ба фурӯш гузоштаанд. Бар пояи эълон, музоядаи такрорӣ аз 17-уми май шурӯъ шуда, то санаи 7-уми июни соли ҷорӣ идома мекунад.

Дар музоядаҳо ду автомашинаи боркаши тамғаи “Шэкман” ва “Мерседес бенс”, чор нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва як анбори нигоҳдории маводи сӯзишвории “Умед 88” ба маблағи аз 160 ҳазор сомонӣ то 15, 6 миллион сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории марбут ба “Умед 88” дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бӯстон ва Хуҷанд воқеъ мебошанд.

Музоядаи қаблӣ барои фурӯши моликияти ширкати  “Умед 88” моҳи феврали соли ҷорӣ баргузор гардида буд. Он замон мақомот гуфтанд, ки ин музояда барои руёнидани маблағи зарар аз ҳисоби ширкати “Умед 88” ба манфияти ҶСК “НБО Роғун” амалӣ мегардад. Бо гузашти қариб ду моҳ аз музоядаи қаблӣ, ки маълум мешавад, бахши аъзами амволи ширкати “Умед 88” ба фурӯш нарафтааст,  мақомот музоядаи такрории фурӯши амволи ширкати “Умед 88”-ро доир мекунанд.

Бино ба эълонҳо, музоядаи такрории фурӯши молу мулки “Умед 88” то санаи 7-уми июни соли ҷорӣ дар бинои суди шаҳри Хуҷанд давом мекунад. Рӯзи 7-уми июн фурӯши анбори нигоҳдории сӯзишворӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен, шаҳраки Нов, кӯчаи Саидов, бо арзиши 15,6 милион сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Ширкати “Умед 88” ба Раҷабалӣ Одинаев тааллуқ дорад, ки аз моҳи октябри соли 2017 дар боздошт буда, моҳи сентябри 2018 бо қарори додгоҳ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Бо эълони ин ҳукм, мақомот Одинаевро дар он айбдор карданд, ки 171 милион сомонӣ пули сохтмони “НБО Роғун”-ро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Умед 88” қарз дода буд, бозпас надодааст. Аммо дар мурофиаҳои додгоҳӣ, Одинаев иброз намудааст, ки дар сурати раҳо шуданаш аз маҳкама имкон дорад, ин миқдор маблағи зарарро пардохт кунад. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки расман чунин дархост аз ҷониби Одинаев ворид нашудааст.

 "Умед 88" дар ду се соли пеш аз ширкатҳое шумурда мешуд, ки дар радифи “Газпром”, “Газойл” ва “Фароз”- бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рақобат мекард.

Мавзӯъҳои асосӣ