10:24 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Селевой поток

Бонки ҷаҳонӣ барои мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёҳо дар Ҷануби Тоҷикистон кӯмак мекунад

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Тоҷикистон тасмим гирифтааст ба воситаи гранти Бонки Ҷаҳонӣ соҳилҳои дарёҳоро дар ҳудуди се ноҳияи вилояти Хатлон мустаҳкам намояд

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik.  Бонки Ҷаҳонӣ барои амали намудани лоиҳаи “Мустаҳкамгардонии инфрасохторҳои муҳим бҳри пешгириҳои хатарҳои табиӣ” ба Тоҷикистон грант ҷудо кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Дар доираи ин лоиҳа мустаҳкамгардонии зиёда аз 30 километри соҳилҳои дарёҳо дар се ноҳияи – Шаҳритӯз, Восеъ ва Қубодиёни вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

Мутахасисонро мебояд қисман сарбандҳо ва дигар воситаҳои пешгирии обхезиҳои хатарнокро таъмир намоянд. Корҳои таъмиру аз навсозии воситаҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои табии дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёқсӯ, Кофарниҳон ва дигар дарёчаҳо дар назар аст.

Ғайр аз ин мувоқи ин лоиҳа бунёди 18 купрук дар ҳудуди вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар назар аст.

Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои н амалҳои ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад.

Барчаспҳо:
бунёд, грант, бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ