Қасос гирифт: мард шикоят бурдааст, ки собиқ ҳамсараш хонаашро дуздидааст

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ду занеро боздошт намуданд, ки дар ҷиноятҳои гуногун айбдор мешаванд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран кормандони милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ зани 58-солаи сокини деҳаи Шайнаки ҳамин ноҳияро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ зани 25-солаи сокини деҳаи Шайнаки ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 11-уми майи соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш чаҳор ҳазор сомонӣ ва ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ду зан барои дуздӣ дар минтақаи истироҳатии "Пайрав" дар Варзоб

“Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”, - таъкид намудааст манбаъ.

ВУД қайд намудааст, ки ҳангоми ҷустуҷӯ кормандони милитсия зани 58-солаи сокини деҳаи Шайнаки ҳамин ноҳия бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Инчунин, ҳодисаи дигар боздошти зан бо гумони дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ низ сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 43-солаи сокини деҳаи Зарнисори ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки рӯзи 10-уми феврали соли 2019 собиқ ҳамсараш, зани 35-солаи сокини деҳаи мазкур, ғайриқонунӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тавре манбаъ таъкид доштааст собиқ ҳамсараш дар ҳаҷми 20 ҳазор  сомонӣ ба ӯ зара расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаҳоим мазкур тафтишотро идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0