Чин ба милитсияи Душанбе мошину таҷҳизот дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомонӣ тақдим кард

© УМВД по городу ДушанбеКитай подарил УМВД по городу Душанбе оборудование на 2 млн. долларов
Китай подарил УМВД по городу Душанбе оборудование на 2 млн. долларов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини Чин ба Тоҷикистон мошину таҷҳизот дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомонӣ тақдим намуданд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳайати меҳмонон аз Чин таҳти роҳбарии Сун Тсзяню сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су, ба раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони милитсияи пойтахт шинос шуданд.

Делегация депортамента Тсзян Су Китая в Нуреке - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Чин аз НБО “Норак” дидан карданд

Тавре манбаъ қайд намудааст , ҷонибҳо дар бинои Раёсат мулоқоти дуҷониба доир намуда, масоили ҳамкории дуҷониба байни мақомоти пулиси ин шаҳр бо милитсияи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

“Дар ҷараёни он ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, оиди дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯ намуданд”, - зикр намудааст манбаъ.

© УМВД по городу ДушанбеКитай передал УМВД по городу Душанбе автомобили
Чин ба милитсияи Душанбе  мошину таҷҳизот дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомонӣ тақдим кард  - Sputnik Тоҷикистон
Китай передал УМВД по городу Душанбе автомобили

Пас аз мулоқот, ҳайати Чин ҳамчунин ёрии техникӣ, ки иборат аз 1 адад микроавтобус, 1 адад автомашинаи сабукрав (ҶИП) ва дигар воситаҳои техникӣ ва мухобиротӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомониро ташкил медиҳад, ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе намоиш дода, дар маросими тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти политсияи шаҳри Нанкин ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе расман супорида шуд.

Ҷониби Чин зимни зимни тақдими техникаву мошинҳо қайд намудааст, ки ингуна ёрии техникӣ барои милитсияи шаҳри Душанбе дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0