04:43 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
В Душанбе задержали трех несовершеннолетних, которые воровали

ВУД: даст доштани се ноболиғ дар 8 дуздӣ

© МВД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
268 0 0

Дар фосилаи 4 шабонарӯз воридшавии дуздон ба 8 манзили истиқоматиро милитсия ба қайд гирифтааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир намудани се ноболиғе, ки дар 8 ҳолати дуздӣ даст доштаанд иттилоъ додааст.

Манбаъ афзудааст, ки охирҳои моҳи апрел дуздиҳои пай дар пай аз манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон фазои нороҳаткунандаро ба бор овард. Манзилҳое ҳадаф қарор мегирифт, ки соҳибонаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд ва муваққатан беназорат буданд.

Дар фосилаи 4 шабонарӯз воридшавии дуздон ба 8 манзили истиқоматиро милитсия ба қайд гирифт. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯшан сохт, ки се ноболиғи чапдаст, сокинони таҳҷоӣ хонандагони мактаб бо маслиҳати пешакӣ дуздиҳоро содир намудаанд, ки ду нафари онҳо 15-сола ва сеюми 13-сола мебошад.

Дар ҳамаи дуздиҳо ноболиғони чапдаст бо кӯмаки якдигар деворҳои иҳотавиро убур карда, барои ворид шудан ба дохили ҳуҷраҳо аз асбоби мурваттоб истифода намудаанд. Ороишоти тиллоии занона, телефон, ДВД ва дигар дастгоҳҳои маишӣ ғанимати ба даст овардаи гумонбаршудаҳо мебошад, ки байни ҳам тақсим кардаанд.

Молу ашёи дуздидашуда маҷмуан зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ аст. Ба ғайр аз ин шикастани тиреза, корношоям кардани қулфи дар ва дигар асбобҳо зарари иловагиро ташкил медиҳад.

Ноболиғон дар вақту соате, ки бояд дар муҳити оила қарор гиранд, яъне шабона бо маслиҳати пешакӣ дуздиҳоро содир намудаанд. Ба чунин амали доғоваранда мумкин буд ин наврасон олуда нашаванд. Агар падару модар дар тарбияи онҳо бепарвоӣ зоҳир накарда, уҳдадории дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муқарраршударо ба ҷо меоварданд.

Дарк накардани оқибати рафтор ба доғдор гаштани шахсияти ноболиғон мусоидат кард. Аз рӯи ҳодиса бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барчаспҳо:
милиса, дуздӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ