22:36 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018

Беҷазоӣ фасодкоронро дар Ҳукумат зиёд кард: Кодекси ҷиноӣ тағйир меёбад

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
236920

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии кишварро таҳия дорад, ки алайҳи масъулини фасодкор равона шудааст

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, вазири адлия, Юсуф Раҳмон, додситони кул ва масъулини дигари бахши ҳуқуқиро муваззаф кард, ки ба Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳо ворид кунанд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон яке аз сабабҳои густариши фасодкорӣ беҷазо мондани мақомдороне, ки дар ин ҷинояткориҳо даст доранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар мулоқот бо кормандони умури молия, андоз ва гумрук таъкид намуда буд, ки сабаби идомаи ҷинояткорӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар он аст, ки кормандон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд. Ӯ омори садҳо парвандаҳои ҷиноӣ дар ин бахшро мисол овард, ки танҳо соҳибони мол барои қочоқ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, аммо масъулине, ки дар он даст доштаанд беҷазо мондаанд.

“Ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид карда шавад, кадом корманде набошад, барои роҳ додани чунин камбудиҳо умуман ба хизмати давлатӣ роҳ дода нашавад. На танҳо соҳиби мол балки кормандони андозу гумрук ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Як камбудӣ кард, ҳамон дақиқа бояд аз система бароред. Дар соҳа кор накунад. Дар ягон ҷо ба хизмати давлатӣ қабул карда нашавад”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Дастури тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар ҳоле ироа шуд, ки гуруҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора ба қазияи Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ сардори терминлаи 1-и Душанбе изҳор доштанд, ки масъулин барои фасодкориҳо на танҳо аз соҳа ронда шаванд, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.  Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран Шаҳбоз Раҷабзодаро барои фасодкориҳо интиқод карда, таъкид намуд, ки аризаашро навишта “гум” шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ