Тақдими кӯмакпуливу маводи ғизоӣ: Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони маъюбу ятим рафт

© © Facebook / Маъмур ЮсуфовПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода навестил юного инвалида
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода навестил юного инвалида - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар Рӯзи ҷавонон ба аёдати ҷавонони мъюбу ятим рафу, ба ҳар яке аз онҳо ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дод

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Субҳи имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба водии Зарафшон сафар карда, дар ноҳияи Айнӣ ба ёдати сокини 29 солаи ноҳия Достонбой Шодмоновро аёдат намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Тибқи иттилои манбаъ, раиси вилоят ҷавони маъюбро аёдат намуда, ӯро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик кардааст.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҷавони маъюб таъкид намудааст, ки ба зиндагиву фаъолияти шахсони​ ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва барои дастгирии маъюбону ятимон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад шуд.​

Ордена и медали ветерана ВОВ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба аёдати куҳансарбозон рафт ва ба онҳo 8,5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дод

“Роҳбарияти вилоят шахсони яккаву танҳо ва ятимону ниёзмандонро мунтазам дастгирӣ намуда, барои таъмини зиндагии осоиштаи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд”,- таъкид намудааст Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ Достонбой Шодмонов ҳангоми ба Раиси вилоят аз перомуни зиндагии худ ва нақшаву орзуҳояш сухан намуд.

Сипас раиси  Суғд ба номбурда 1000 сомонӣ кӯмакпулӣ ва маводи ғизоӣ аз қабили орд, шакар, биринҷу макарон ва ғайраҳо тақдим кард.

Инчунин қаблан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии чанде аз ҷавонони маъюб ва ятими кулл сокини кӯчаи Озодии шаҳри Хуҷанд, Бӯстон Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта буд.

Аз ҷумла Раҷаббой Аҳмадзода дар Хуҷанд аз Ҳасан Шерматов Сипас, дар шаҳри Бӯстон Бобоҷон Саломов ва дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Зайнура, Нозанин ва Соҳибҷон Бобоҷоновҳо, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, хабар гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0