Ду қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тасвиб расид

© пресс-служба президента РТМэр Душанбе Рустам Эмомали
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи он дар Душанбе ҳафтаи ихтироъкорони наврасу ҷавон баргузор мешавад ва тибқи қарори дигар соҳаҳои иқтисоди пойтахт бояд сари вақт ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ омода шаванд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дафтари  матбуоти шаҳрдории Душанбе аз тасвиби ду қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ - дар бораи "сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020" ва эълон кардани "Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе" хабар медиҳад.

Наврасони тоҷик аз озмуни байналмилалӣ дар Қазоқистон Шоҳҷоиза оварданд - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳҷоизаи наврасони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ дар Қазоқистон

Тибқи қарори аввал - нақшаи чорабиниҳои ҳукумати шаҳри Душанбе барои сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти пойтахт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 тасдиқ карда мешавад.

Масъулини шаҳрдорӣ бояд барои фаъолияти саривақтии корхонаву ташкилотҳо дар зимистон чорабинӣ кунанд.

Ширкатҳои "Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе", "Обу корези Душанбе" ва "Равшании Душанбешаҳр" бояд барои гузаронидани зимистон захираҳои маводҳои заруриро тайёр намоянд.

Тибқи қарори дигари шаҳрдор - аз 20 то 25 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе "Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе" баргузор мешавад.

Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани "Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе" ӯҳдадор шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0