02:05 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Флаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото

Роҳбари навтаъйини САҲА дар Душанбе ба кор оғоз кард

© Sputnik / Сергей Аверин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
110 0 0

Роҳбари навтаъйини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер ба кори худ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Рӯзи14 майи  2019 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари навтаъйини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе  Валериу Киверро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора равобити умумии ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Киверро ба муносибати  таъйин гардиданаш ба  вазифаи пурмасъулият табрику таҳният гуфта, изҳори умед кард, ки ӯ ҳангоми  фаъолияташ дар Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гузорад.

Манбаъ афзуда, ки дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши робитаҳо дар доираи се ченаки ҳамкорӣ бо САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро  баррасӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2019 дар  Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ» баргузор мегардад.

Вазирону амирон ва 200 рӯзноманигори дунё фардо ба Душанбе меоянд

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок кунад.

Дар маҷмӯъ, намояндагони 50 кишвар ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар он ҳамоиш ширкат хоҳанд намуд.

Мавзӯъҳои асосӣ