08:19 24 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.52
  • RUB0.15

Логистика ва тақсимоти яклухт: мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Патрушев

© Sputnik / Александр Астафьев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36401

Дар ҷараёни мулоқот роҳандозии тадбирҳои муштарак, аз ҷумла ташкили корҳои логистикӣ ҷиҳати боло бурдани нишондодҳо ва таъсиси маркази тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Имрӯз, дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд, вазири кишоварзии Федератсияи Русия Дмитрий Патрушевро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта, ки мо ба рушди муносибатҳои ҳамкории стратегӣ бо Русия дар тамоми соҳаҳо, бахусус бахши кишоварзӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва умедворем, ки он минбаъд низ ба манфиати ҷонибҳо ба таври судманд идома дода мешавад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар самти боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, афзоиши иқтидори содиротию воридотии кишварҳо, содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия табодули андеша карданд.

Таъкид шуда, ки айни ҳол иқтидори содиротии мева, ангур, сабзавот ва асали Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна дар як сол буда, имконияти ҳар ду ҷониб барои афзун кардани ин нишондод мавҷуд аст.

Дар ҷараёни мулоқот роҳандозии тадбирҳои муштарак, аз ҷумла ташкили корҳои логистикӣ ҷиҳати боло бурдани нишондодҳо ва таъсиси маркази тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маводҳои бастабандӣ, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои тухмипарварӣ, паррандапарварӣ, ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ, роҳҳои дигари рушди ҳамкории бахши кишоварзӣ номида шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ