Поммершайм ба Қушунҳои сарҳадӣ ба 100 ҳазор доллар таҷҳизот тақдим кард

© Пресс-служба посольство США в ДушанбеСафири Амрико ба Қушнҳои сарҳадӣ таҷҳизот тақдим кард
Сафири Амрико ба Қушнҳои сарҳадӣ таҷҳизот тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар як маросими тантанавӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон таҷҳизоти назорати ҳуҷҷатҳо дар сарҳад ва санамӯҳрҳо тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар додааст, дар таҷҳизоти мазкур дар ҳузури фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ тақдим карда шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки арзиши таҷҳизоте, ки ба қушнҳои сарҳадии Тоҷикистон тақдим карда шуд 100 ҳазор долларро ташкил дода, қисме аз лоиҳаи арзишаш 500 ҳазор доллар будааст, ки барои тақвият додани ҳамкориҳои минтақавӣ байни мақомоти сарҳадии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон равона карда шудааст. 

Элизабет И. Миллард. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Амрико моҳи шарифи Рамазонро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

“Илова бар дастгирии техникӣ, ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳбуди инфрасохтор ва ташаккули иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад”, - қайд намудааст сафорати Амрико.

Инчунин сафорати Амрико зикр намудааст, ки моҳи ҷорӣ Сафорат 300 ҳазор долларро барои бо таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нақлиётӣ таъмин намудани қушунҳои сарҳадӣ, ки дар назорати сарҳад ба онҳо кӯмак мерасонад, ҷудо хоҳад кард.

Манбаъ илова намудааст, ки ҳукумати Амрико Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди фаъолияташон, ки моҳи ҷорӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд, табрик менамояд. 

“Амрико тавассути ҳамкории мудавом бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар шарикони амниятӣ дастгирии Тоҷикистонро дар пойдории истиқлолият ва амнияти давлатии ин кишвар давом хоҳад дод”, - таъкид намудааст манбаъ.  

Ёдрас мешавем, ки аз соли 1992 инҷониб Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1.8 миллиард доллар ҷудо намудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0