12:31 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Қасри Миллат, акс аз бойгонӣ

Интернет арзон, сайтҳо кушода ва “квота” ба Узбакистон: 13 пешниҳод ба Ҳукумат

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
138630

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон муроҷиатномаи ширкатдорони конфронси байналмилалии “Мусоидати расонаҳо барои рушди устувори сулҳ ва демократия” дар Душанберо ба Ҳукумат ва дигар ниҳодҳои кишвар нашр намуд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар муроҷиатнома 13 пешниҳод ироа шудаанд, ки ба бовари иштирокдорон ба таҳкими сулҳ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ниҳодина кардани арзишҳои мардумсолорӣ ва ёрии ҳукумат барои сохтани давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, хуб кардани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои озодии баён ва ҳуқуқи башар мусоидат мекунад.

Дар банди аввали муроҷиатнома таъкид гардидааст, ки сарфи назар аз ҳама чораандешиҳо дар заминаи таъмини амнияти миллӣ ва ҷомеа бояд ба мавҷудият ва рушди озодии баён мусоидат карда шавад ва монеагузориҳои ғайриқонуние, ки ба обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зарба мезананд, поён дода шавад.

“Тақозо мешавад, ки аз бастан ва масдуд кардани сайтҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ минбаъд худдорӣ карда шавад, зеро дар шароити фановариҳои навин ин кор тақрибан номумкин аст ва танҳо ба обрӯйи байналмилалии кишвар латма мезанаду ҳаққи қонунӣ ва конститутсионии шаҳрвандонро барои ба даст овардани иттилоъ поймол мекунад”, - омадааст дар банди дуюм.

Дар идома таъкид шудааст, ки барои воқеитар ва иҷроитар шудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” барои арзонтар ва мусоидтар шудани интернет дар кишвар талош шавад.

Дар банди чоруми муроҷиатнома зикр шудааст, ки барои даст ёфтан ба намунаҳои бештари озодии баён ва истифода аз таҷрибаи ҳамдигарӣ, бояд василаҳои ба ҳам омадани рӯзноманигорони кишварҳои ҳамсояи минтақа – Осиёи  Марказӣ ва Ҷанубӣ коркард ва роҳандозӣ шавад.

“Парлумони Тоҷикистон дар пайи таҳия ва пазируфтани Кодекси иттилооти Тоҷикистон мебошад ва барои бартараф намудани мухолифатҳо байни қонунҳои марбут ба иттилоот ва ВАО таҳлили васеъи ин санад дар доираҳои салоҳиятдор анҷом дода шавад”, - зарур донистаанд иштирокдорон.

Инчунин онҳо хостори ба қонунгузорӣ ва асноди дигари меъёриву ҳуқуқӣ ворид ва мушаххас намудани мафҳуми “шахси матраҳ” .

Муроҷиаткунандагон инчунин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо Узбакистон, аз ҷумла дар бахши рӯзноманигорӣ шудаанд.

“Бо таъкид рӯйи зарурати густариши равобит бо Ҷумҳурии Узбакистон дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорӣ, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбакистон дар факултаву риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои кишвар барои омода намудани кадрҳо дар расонаҳои тоҷикзабон квота дода шавад, ҳамчунин давраҳои омӯзишии муштарак ва бозомӯзии рӯзноманигорони Тоҷикистону Узбакистон баргузор карда шавад”, - омадааст дар банди дигари муроҷиатнома.

Иштирокдорони ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе бо назардошти таъмини амният ва манофеи миллӣ ва рушди фанновариҳои иттилоотӣ зарур донистаанд, ки дар риштаву факултаҳои рӯзноманигорӣ барномаҳои таълим ва сатҳу сифати таълим такмил ва ба талаботи рӯз мувофиқ карда шавад.

“Фароҳам кардани шароити мусоид дар дохил ва хориҷи кишвар барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони воситаҳои ахбори омма; Таҳлил ва ворид кардани тағйирот ба “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”; Додани имтиёзҳои яксон ба ҳамаи расонаҳо, аз андоз ва хароҷотҳои дигар озод намудани воситаҳои ахбори оммаи мустақил”, - аз бандҳои дигари муроҷиатнома мебошанд.

Муроҷиаткунандагон инчунин хостори поин овардани нархи хадамоти табъу нашр ва боло бардоштани саводи расонаии мардум шудаанд, то ҷомеа аз хабарҳои ғалатандоз ҳифз гардад.

“Бо додани имтиёзоти гуногун соҳаи табъу нашр поин овардани ҳаққи хидмарасонии онҳо. Мусоидат кардани ба боло бурдани саводи расонаии мардум, ки ба ин васила бишавад ҷомеа ва мардумро аз хабарҳои бардурӯғ, ғалатандоз ва хушунатомез ҳифз кард”, - таъкид шудааст дар охири муроҷиатнома.  

Мавзӯъҳои асосӣ