14:56 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Министр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов, архивное фото

Ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Вазири умури хориҷии кишвар ба Тоҷикистон меоянд

© Sputnik / Сергей Пятаков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Ҳайати ин кишвар таҳти раҳбарии Абдулазиз Комилов дар нишасти ҳафтумин ҷаласаи вузарои умури хориҷии гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” ширкат хоҳанд кард

 ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон барои ширкат дар конфронси болосатҳи мубориза бо терроризм, ки рӯзҳои 17-18 май дар Душанбе баргузор мешавад, имрӯз ба Тоҷикистон меояд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Узбкаистон, ҳайати ин кишвар таҳти раҳбарии Абдулазиз Комилов дар нишасти болосатҳи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаӣ дар мубориза бо терроризм ва манобеъи тамвили он, ҳамчунин, қочоқи маводди мухаддир ва ҷиноёти созмонёфа” ва ҳафтумин ҷаласаи вузарои умури хориҷии гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” ширкат хоҳанд кард.

Комилов дар чорчӯби ҳузур дар Душанбе дидорҳои дуҷониба бо ширкаткунандагони нишасту ҷаласаи зикршударо анҷом хоҳад дод. 

Барчаспҳо:
мулоқот, ҳайат, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ