Хоҳарашро ба араби пир доду тамаъ кард: пул деҳ ё ба ҳама пир будани шавҳаратро мегӯям

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание суда района Исмоили Сомони. Архивное фото.
Здание суда района Исмоили Сомони. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фариддун Сангов, сокини 33-солаи Душанберо дар тамаъкорӣ аз хоҳараш гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, ки моҳи апрели соли равон содир шудааст, Сангов бо таҳдиди ошкор кардани маълумот аз ҳаёти шахсии хоҳараш, аз ӯ маблағ талаб кардааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: мо ба "доиши"-ҳои бозгаштаамон ҳаёти осоишта фароҳам мекунем

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ Сангов Фаридун  соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо “Абдувосит” ном шаҳрванди Эрон шинос шуда, аз ӯ мефаҳмад, ки яке аз рафиқонаш бо номи Муҳаммад Абдулло, миллаташ араб, сокин 56-солаи шаҳри Дубай ҳадафи бо духтари ҷавони тоҷик издивоҷ намуданро расонад.

Сангов Фариддун ин масъаларо бо хоҳараш Саидаҳмадзода Замира, ки ҳамон вақт ба синни 21-солагӣ расида будаст, ба миён гузошта, Замираро бовар кунондааст, ки Муҳаммад пас аз издивоҷ барои мавсуф дар шаҳри Душанбе манзили зисти алоҳида мехарад.

“Саидаҳмадзода Замира дар навбати худ, бо мақсади беҳтар гардонидани шароити манзилии худ ва дигар аъзоёни оила ба таклифи бародараш Сангов Фариддун розӣ шуда, ба бастани ақди никоҳ ризоят медиҳад. Тахминан моҳи апрели соли 2011 Саидаҳмадзода Замира бо ҳамроҳии модараш Сангова ба шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб сафар карда, бо Муҳаммад А. расман ақди никоҳ баста, ба шавҳар мебарояд”, - иттилоъ дод додгоҳ.

Пластиковый пакет на улице - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар Суғд: марде ҳамсарашро кушту селофанпеч карда гӯронд

Манбаъ афзуд, ки Муҳаммад Абдулло худи ҳамон сол барои харидорӣ кардани манзили зист дар шаҳри Душанбе ба Саидаҳмадзода Замира  90 ҳазор доллар дода, модараш соли  2013 бо ин маблағ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев хона харидааст. Ба иттилои додгоҳ аъзоёни оилаи Санговҳо дар назди хешу ақрабо ва дигар наздиконашон синну соли шавҳари Замираро пинҳон карда, ӯро 35-сола муаррифӣ кардаанд.

Сангов Фариддун бо таҳдиди ошкор кардани синни шавҳари Замира аз ӯ 3000 доллар талаб мекунад ва бо хоҳиши Замира модараш ин маблағро ба шиноси Сангов Фариддун медиҳад.

Додгоҳ афзуд, ки  бо ҳамин тарз санаи 17 январи соли 2019 тахминан соатҳои 17:00 дақиқа Сангов ба хоҳараш Замира, ки аллакай аз ҳамсараш Муҳаммад Абдулло ҷудо шуда буд,  аз ӯ 5 ҳазор доллар тамаъ карда, таҳдид намудааст, ки тариқи ба шиносҳояш дар Кумитаи авлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Замира ҳангоми дар шаҳри Дубай қарор доштан ба Сурия рафта, ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ аъзо шудааст.

Преидент Таджикистана Эмомали Рахмон выступает с речью о климате в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт Тоҷикистон бо ҳадафҳои пасипардагии тундгароён хуб ошно ҳаст

Дар иттилоияи додгоҳ омадааст, ки Замира Саидаҳмадзода аз ин тарзи рафтори бародараш тарсида бо ҳадафи халосӣ ёфтан аз тамаъҷӯии бародараш  Раёсати мубориза зиддӣ ҷиноятҳои муташаккили ВУД Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

Манбаъ афзуд, ки Сангов Фариддун зимни гирифтани 1000 доллар ва 6900 сомонӣ аз хоҳараш Саидаҳмадзода дастгир гардид.

Додгоҳ мегӯяд, дар мурофиа Сангов ба гуноҳаш иқрор шудааст ва бо қарори додрас ба моҳи апрели соли равон ба 10 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0