20:18 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Гроза в Москве

Ҳушдори КҲФ: аз раъду барқ, сел ва баландшавии оби дарёҳо тайи як шабонарӯзи дигар

© Sputnik / Vladimir Astapkovich
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
122 0 0

Ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Бахусус, нагузоред, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз обу ҳавои номусоид  ҳушдор додааст.

Манбаъ дар истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон менависад, шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.

"Борон дар баъзе ноҳияҳо шабона бшиддат ёфта, раъду барқ ба амал меояд.  Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ) эҳтимоли баланд шудани сатҳи об пешгўӣ мешавад", - менависад манбаъ.

Дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) эҳтимол сел ояд.

"КҲФ аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед", - омадааст дар муроҷиати манбаъ.

Ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Бахусус, нагузоред, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд, афзудааст КҲФ.

Бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ