09:44 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
В Бишкеке прошел международный полумарафон

Фардо дар Хуҷанд дави миллӣ баргузор мешавад

© Sport.kg
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур беш аз 28000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд иштирок кунанд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Рӯзи якшанбеи 19 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилоят чорабиниҳои варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ гузаронида мешавад.

Чорабиниҳои варзишӣ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" оғоз ёфта, дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур беш аз 28000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, кормандони беш аз панҷоҳ ташкилоту идора ва соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, устодону донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои олӣ иштирок намоянд.

Бақайдгирии иштирокчиён то соати 6-30 ба итмом расида, чорабиниҳои варзишӣ соати 7-00 оғоз меёбанд.

Мавзӯъҳои асосӣ