09:40 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Похолодание в Душанбе

Боз борон ва раъду барқ: обуҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
208 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, борон меборад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва  барф дар назар аст. 

Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 18-23 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 2-7  дараҷа сард шуда, рӯзона 8-13  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд    абрнок шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 2-7  ва  рӯзона  12-17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13  ва   рӯзона 18-23  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда борон меборад. Дар   ноҳияҳои кӯҳӣ борон шиддат гирифта раъду барқ ба амал меояд.  Шабона  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меоя. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 23-25  дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ