08:21 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
В Душанбе проходит конференция высокого уровня Международное и региональное сотрудничество в борьбе с терроризмом и источниками его финансирования, включая незаконный оборот наркотиков и оргпреступность

Дар шаҳри Душанбе "Эъломияи Душанбе" қабул карда шуд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Дар натиҷаи баргузории  конфронс дар мавзӯи  "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил" Эъломияи Душанбе қабул гардид

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Аз рӯи натиҷаҳои конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он Эъломияи Душанбе қабул гардид, иттилоъ додааст агентии "Ховар".

Манбаъ афзудааст, ки ҳамоиши сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар шарикони байналмилалӣ   дар сатҳи баланд гузаронида шуда, иштирокдорони он масоили мубрами марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавию  байналмилалиро дар самти  мубориза бо чолишҳои замони муосир, хусусан терроризм ва манбаъҳои  маблағгузории он баррасӣ намуда пешниҳодҳои судманд ироа карданд. 

 "Имрӯз Тоҷикистон бори дигар ба маркази  чорабинии   муҳими сатҳи байналмилалӣ дар самти  таҳкими амният ва суботи минтақа  ва ҷаҳон, ҷустуҷӯи роҳҳои халли муштарак дар мубориза бар зидди  терроризми байналмилалӣ  ва маблағгузории он гардид", - гуфтааст Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки аз натиҷаи баргузории  конфронси сатҳи баланд, ки  дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе  дар мавзӯи  "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил" доир гардид, Эъломияи Душанбе қабул шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон  намояндагони баландпояи созмонҳои байналмилалӣ — муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков, муовини  котиби кулли Итиҳоди Аврупо Педро Серрано, директори Марказ оид ба пешгирии муноқишаҳои котиботи САҲА Марсел Пешко ва дигарон иштирок намуда, миннатдории  худро ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани  конфронси сатҳи баланд иброз доштанд.

Барчаспҳо:
конфронс, Душанбе, Сироҷиддин Аслов, ВУХ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ