Раҳмон Вазирони  корҳои хориҷии  "Осиёи Марказӣ+Япония"-ро ба ҳузур пазируфт

Обуна шудан
Вохӯрии  вазирони корҳои хориҷии ба ҷашни 17-умин солгарди Муколамаи "Осиёи Марказӣ +Япония" рост омад

 ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Имрӯз  18 май дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии  Тоҷикистон машварати 7-уми Муколамаи  Вазирони корҳои хориҷии "Осиёи Марказӣ+ Япония"  баргузор гардид, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазирони  корҳои хориҷии  "Осиёи Марказӣ+Япония"-ро  ба ҳузур пазируф, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Президенти кишвар.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чингиз Айдарбеков - Sputnik Тоҷикистон
Хело меҳмоннавозед: баҳои баланди вазири қирғиз ба Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон

Дар  машварати мазкур Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамқулов, Вазири  корҳои хориҷии Қирғизистон  Чингиз Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷопон  Таро Коно ва муовини Вазири  корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хаҷиев, инчунин ба ҳайси меҳмони фахрӣ Вазири корҳои хориҷии Афғонистон  Салоҳиддин Раббонӣ  иштирок доштанд.

Иштирокдорони ин машварат-  Вазирони  корҳои хориҷии  "Осиёи Марказӣ+Япония"-ро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Бояд тазаккур дод, ки  вохӯрии  вазирони корҳои хориҷии ба ҷашни 17-умин солгарди Муколамаи "Осиёи Марказӣ +Япония" рост омад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2004 Япония  иқдомеро  доир ба шакли  нави ҳамкорӣ  бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муколамаи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон"-ро   ба роҳ монд. Ҳадаф аз он   густариш ва тақвияти робитаҳои қавии  кившарҳои минтақа  бо  Япония  ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: мо ба "доиши"-ҳои бозгаштаамон ҳаёти осоишта фароҳам мекунем

Дар зарфи ин солҳо Муколама дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Япония  нақши муассир гузошт.

Дар доираи машварати 7-уми  Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Япония"  се ҷаласа дар мавзӯъҳои  "Ҳамкории амалии   кишварҳои аъзои  Муколамаи "Осёи Марказӣ+ Япония" дар бахши сайёҳӣ", "Ҳамкории кишварҳои аъзои Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Япония" дар соҳаҳои   савдо, сармоя  ва рушд", инчунин "Амнияти минтақавӣ ва ҳамкории минтақавӣ" доир гардид.

Дар фарҷоми машварати 7-уми Муколамаи  Вазирони корҳои хориҷии "Осиёи Марказӣ+Япония" роҳбарони ҳайатҳои Муколама санади ниҳоӣ – "Изҳороти муштараки машварати 7-уми  Вазирони корҳои хориҷии Муколамаи "Осиёи Марказӣ+Япония"-ро ба тасвиб расониданд.

Пас аз машварати ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Япония” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0