22:40 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото

Абдуҷаббор Раҳмонзода: мавқеи Тоҷикистон дар сатҳи минтақа баланд меравад

Фотохост ШОС
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
143 0 0

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм иброз доштааст, ки "мавқи Тоҷикистон дар сатҳи минтақа баланд меравад"

ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм қайд кардааст, ки "мавқи Тоҷикистон дар сатҳи минтақа баланд меравад". Мулоҳизаҳои ӯро агентии "Ховар" нашр кардааст.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд табдил ёфта, имсол дар мамлакат якчанд маъракаҳои муҳими илмӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, ки ҳар кадом аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво аҳаммияти глобалӣ барои минтақа ва ҷаҳон доранд.

Дар мамлакат якчанд санадҳои муҳим, аз ҷумла Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯиеро тақозо менамояд, ки ба бартараф намудани омилҳои идеологӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равона шуда бошад.

Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил" яке аз онҳо буда, дар мубориза ба муқобили зуҳуроти хатарбори чаҳони муосир нақши калидӣ мебозад, ки дирӯз ва имрӯз дар "Кохи Сомон" доир мегардад. Дар ин конфронс намояндагони баландпояи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ иштирок намуда, назару андешаҳои худро ҷиҳати пешгирии ин вабоҳои аср баён менамоянд.

Дар ҳақиқат, ин зуҳуроти замони муосир буда, солҳои охир ба тамоми олам хатар оварда, хисороти зиёдеро ба бор меорад. Асоси онро кушторҳои беасос, таркишҳои пайдарпай, шиканҷаҳои даҳшатбор, қурбониҳои касношунид, талабҳои ғайриинсонӣ ва мудохила дар умури давлатдорӣ ташкил намуда, бо ин восита ҳазорҳо тан хонавайрон, сарсону саргардон ва садҳо кӯдак овораву дарбадар гардидаанд. Танҳо бо иллати муноқишаҳои мазҳабию динӣ гурезагон беш аз як миллионро ташкил карда, бештарашон азияти рӯҳӣ, моддӣ ва маънавӣ мекашанд. Дар бисёр кишварҳо бошад, урдугоҳҳои гурезагон таъсис ёфта, бошандагони он дар вазъияти бисёр сангин умр ба сар мебаранд ва азоби ташнагӣ ва гуруснагӣ кашида, аз хонаву кошона, маҳаллу деҳа ва шаҳру ноҳияҳояшон дур умр ба сар мебаранд.

Ҳар кадоми мо тариқи воситаҳои ахбори омма мебинем, ки ҳар рӯз дар бисёре аз кишварҳои Аврупо ва Шарқи Миёна даҳҳо таркиш рух дода, садҳо нафар ҷони худро аз даст дода истодаанд. Махсусан, дар кишварҳои арабӣ вазъ хело муташанниҷ буда, гурӯҳҳои ифротӣ, террористони ашаддӣ бо ҳар роҳу восита вазъи оромро халалдор карда, тавассути хоҷагони худ ҷони одамони бегуноҳро дар хатар монда, даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангиро аз байн бурда истодаанд.

Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи дӯсти Афғонистон сарҳади тӯлониро дорад ва мутаассифона вазъи имрӯзаи ин давлат тақозо менамояд, ки ба мавзӯи таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ таваҷҷуҳи бештар сурат гирад.

Ба ҳамин хотир аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар кишвари ҳамсоя борҳо дар самти таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ иброз гардидаанд, ки “…мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад”.

Ин таъкиди Сарвари давлат сабабҳои ҷиддӣ дорад, зеро вазъи ногувор дар минтақа, махсусан дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯз то рӯз мураккаб шуда, дар вилоёт ва маркази шаҳру қарияҷоти он гурӯҳҳои ифротӣ аз дигар кишварҳо ҷамъ омадаанд. Ин гурӯҳҳо ҳатто ба кӯдакону занон раҳм намекунанд, онҳоро зери машаққату шиканҷа қарор дода, азоб медиҳанд ва бо баҳонаи «ҷиҳод» бошишгоҳу манзилҳоро тарконида, одамони бегуноҳ ва маконҳои осудаву оромро ба гирдоби муноқиша, низоъ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ мекашанд. Бо ҳамин роҳ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ аз байн рафта, садҳо иншооти иҷтимоӣ, шахсӣ ва майдонҳои кишоварзӣ хароб гардида, одамон бехонаю дар ва кишвар ба хисороти вазнин гирифтор шуда истодааст.

Таъсири амалҳои террористӣ ва тарғиботи гурӯҳҳои ифротӣ дар кишвари мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ мушоҳида шуда, баъзе афроди ноогоҳ ва камсавод зери ин ақидаҳои манфур афтода, ба номи миллат, хонавода ва кишвар доғ меоранд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ беш аз 1900 нафар шаҳрвандони кишвар ба хотири иштирок дар маъракаи бо ном «ҷиҳод» ва ба даст овардани маблағи муфт тариқи Федератсияи Россия ва Туркия ба Сурия рафта, қисми зиёдашон кушта шуданд, як қисмашон дар кишварҳои гуногун овораанд ва иддае дигар ҳамроҳи зану фарзандонашон дар ҳабс афтода, волидайни онҳо дар мамлакат азоби рӯҳию маънавӣ мекашанд.

Дирӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз канали якуми телевизиони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба тамоми сайёра пахш ва паҳн гардид аксарият, мусоҳибаи рӯзноманигори афғонро бо ду тан аз афроди тоҷик ва хонаводаи онҳо тамошо карданд. Ин ду афроди фирефта доир ба чӣ гуна ба доми гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуданашонро нақл карда, аз Ватан беватан гардидаанд. Танҳо чеҳраҳои пажмурда ва ҳолати завҷаю фарзандони бегуноҳи онҳоро дида, кас ангушти ҳайрат мегазад ва аз сарсониву бечорагию беватании онҳо дилреш мешавад. Аз суҳбаташон маълум мешавад, ки онҳо аз кардаи худ пушаймонанд ва хато кардаанд. Ба назари мо, ин суҳбат барои дигарон бояд сабақ шавад, ки ҳамин гуна кишвари обод, макони орому осударо гузошта, ба хотири нафси ҳаром, ки онро худи ислом ва шариат низ маҳкум менамояд, сарсону саргардон шудан ба ягон чаҳорчӯбаи инсонӣ рост намеояд ва танҳо нафратро бедор мекунаду бас.

Баръакси ин амал, ба қарибӣ оламиён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма аз ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ карданд, ки 84 кӯдаки тоҷикро, ки бо ҷурми падару модар дар ҳабсхонаҳои Ироқ умр ба сар мебурданд, ба кишвар оварданд. Пешвои миллат аввалин шуда, ба хотири нангу номуси миллӣ, ҳимояи номи тоҷик, муқаддас будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хору зор нагардидани тифлону кӯдакони бегуноҳ ба ин иқдом даст заданд ва ин шӯрбахтони маъсумро ба Ватан баргардонданд. Ин ташаббуси инсондӯстона ва амалкарди башардӯстонаро ҷомеаи шаҳрвандӣ хуб истиқбол намуд ва ба Сарвари давлат изҳори ташаккур карданд, ки ба ин амали солеҳ даст заданд ва ноболиғонро ба назди хешу табор, ба Ватани бобоияшон оварданд.

Имрӯзҳо ин кӯдакону наврасон таҳти ҳимоя ва сарпарастии давлат ва Ҳукумат қарор дошта, барояшон тамоми шароит муҳайё шудааст, то ин ки онҳо даҳшат ва шиканҷаҳои кашидаи худро фаромӯш намоянд ва осудаҳол гарданд. Аз суҳбат бо кӯдакон маълум мешавад, ки падару модарҳояшон бо роҳи фиреб, ба хотири ба даст овардани маблағи ночизе фирефта гардида, ба ин кишвар рафтаанд ва ба нокомӣ дучор омада, модаронашон ба ҳабси якумрӣ гирифтор шудаанд. Аз чеҳраи кӯдакон маълум аст, ки онҳо чӣ қадар азобу шиканҷа кашидаанд, чӣ сахтиҳоеро аз сар нагузаронидаанд ва ҳамаи ин бори нангини ватанҷудоӣ ба онҳо бо айби волидайни раҳгумкардаашон «насиб» шуда, аз дӯстони ҷонӣ ва дунёи ширини тифлию наврасиашон дур монда буданд. Пешвои миллат, Президенти кишвар барои ҳар кадоми ин кӯдакон шароит фароҳам оварда, ҳамарӯза онҳо аз кумаки табибон, рӯҳшиносон бархурдоранд, ёрмандӣ мебинанд ва шукрона мекунанд, ки ба Ватани обоӣ баргаштаанд.

Чунин воқеаву рӯйдодҳо барои инсон сабақи зиндагӣ мебошад. Барои ҳамин мо бояд дар якҷоягӣ зери сиёсати башардӯстонаи Роҳбари давлатмон муттаҳид шавем ва нагузорем, ки фарзандони мо бадбахт гарданд ва раҳгум зананд. Мо бояд дар муттаҳидӣ ба муқобили терроризм муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки чунин афрод ба мамлакат хатар эҷод карда, фазои осудаву суботи сартосариро халалдор намоянд. Волидайн бояд ҳушёриро аз даст надиҳанд, бо фарзандонашон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, дар тамос бошанд ва ҳамеша аз аҳволашон хабардор шуда, нагузоранд, ки онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ё созмонҳои террористӣ робита пайдо кунанд ва номи худ ва кишварашонро бадном созанд. Мо бояд дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумат муттаҳид шуда, баҳри сулҳу субот талош намоем ва пеши хатарҳои наверо амсоли терроризму экстремизм гирифта, дар фазои ваҳдати комил умр ба сар бурданро шиори зиндагии доимии худ қарор диҳем.

Хатари дигари замони муосир нашъамандӣ аст, ки он бадтар аз терроризм мебошад. Имрӯзҳо ҳазорҳо афроде, ки мубталои нашъамандӣ шудаанд, бо иллати ин дард азоби сахти рӯҳиву равонӣ мекашанд ва ё вафот мекунанд. Дар кишвари мо ба муқобили ин зуҳурот низ муборизаи беамон бурда мешавад ва борҳо Пешвои миллат аз минбари созмонҳои байналмилалӣ бар зидди ин даҳшати марговар изҳори нигаронӣ карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки дар якҷоягӣ ба муқобили нашъамандӣ мубориза баранд ва барои кам кардани шиддати паҳншавии он талош намоянд. 

Дар ҳар паёми худ Пешвои муаззами миллат аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро аз ин хатарҳо ҳушдор медиҳанд ва гаштаю баргашта бо исрор таъкид менамоянд, ки барои решакан кардани ин хавфу таҳдидҳо ҳама дар якҷоягӣ чораҳои муассир андешем ва садди роҳи ин вабоҳои аср шавем.

Дар ҷумҳурӣ миёни аҳолӣ корҳои зиёди таблиғотӣ аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ доир мешаванд, вале ҳоло ҳам ин тадбирҳо кам буда, моро зарур аст, ки баромадҳои Сарвари давлатро дар ин мавзӯъҳои доғи рӯз асос карда, ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб беамон мубориза барем ва кишварамонро аз ҳар гуна амалҳои ифротӣ ҳифзу ҳимоя намоем.

Конфронси сатҳи баланд, ки имрӯзҳо дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир шуда истодааст, маҳз ба ҳамин масъалаҳо бахшида шудаанд ва бовар дорем, ки он барои паст гардидани шиддати муноқишаҳои ифротӣ, мубориза бар нашъамандӣ таъсири мусбат мерасонад ва барои оромии вазъи минтақа ва ҷаҳон мусоидат карда, ҷиҳати пеши роҳи ин даҳшати асри навро гирифтан ёрмандӣ менамояд. Ба кори конфронс барор мехоҳем.

Мавзӯъҳои асосӣ