08:16 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Корбари компютер, акс аз бойгонӣ

Ислоҳот бо имзои Раҳмон: сайтҳо фаъол ва кори судҳо ошкоро шавад

© Sputnik / Александр Кряжев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1111 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барномаи ҷадиди ислоҳотро имзо кард, ки дар доираи он қабули қонуни нав барои таъмини фаъолияти ошкорои судҳо дар назар аст

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Раисиҷумҳур таҳия ва қабули Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”-ро зарур донистааст, ки дар доираи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 – 2021 амалӣ мешавад.

Дар барнома таъкид шудааст, ки дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо аҳамияти муҳим дошта, воситаи таҳкими боварии мардум ба судҳо мебошад.

“Бинобар ин, зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ ба миён омадааст”, - омадааст дар барномаи имзокардаи раисиҷумҳур.

Инчунин таъкид шудааст, ки ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо,  кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ  яке аз воситаҳои таҳкими боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ мебошад. Фаъолияти ошкоро ва шаффофи додгоҳҳо воситаи таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзёбӣ шудааст.

Таъкид ба фаъолияти шаффоф ва фаъолсозии сомонаҳои додгоҳҳо дар ҳолест, ки феълан аксари додгоҳҳои кишвар торнамоҳои худро доранд, аммо иттилоъ дар бисёри онҳо солҳост, ки нав карда намешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ